Иштирок ва суханронӣ дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат кулли сокинони ноҳияи Рашт ва иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз самимона табрик гуфтанд.
