Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг

Posted Fri, 09/06/2024 - 10:26
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон” дар ноҳияи Ховалинг

Posted Fri, 09/06/2024 - 10:25
By shahnavoz

 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон”-ро, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои “Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис бо 50 ҷой, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва 30 компютер иборат аст.

Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг

Posted Fri, 09/06/2024 - 10:23
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нав дар маҳаллаи Бобо-Юнуси ҷамоати шаҳраки Ховалинг бунёд шуда, аз ду ошёна бо таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз шудааст ва дар он барои кормандон шароити хуби корӣ муҳайё мебошад.

Ба истифода додани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг

Posted Fri, 09/06/2024 - 10:22
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави Беморхона дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии ин муассисаи тиббӣ моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба итмом расид.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:32
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муарифӣ карда шуд.

Ифтитоҳи ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:31
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.

Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:30
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигулҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо усули муосири меъмории ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стоматологӣ бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия

Posted Thu, 09/05/2024 - 12:28
By shahnavoz

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Posted Wed, 09/04/2024 - 11:08
By shahnavoz

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз

ХУШХАБАР

Posted Fri, 08/30/2024 - 16:51
By shahnavoz

Муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" Бунафша Юсуфӣ бо Медали хизмати шоиста аз ҷониби Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд.