Боздид аз нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4-и Неругоҳи обии “Роғун”
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.
Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидааст.
Дарозии қисмати горизонталии нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-ум 48 ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.
