Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург
25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, иштирокдорони вохӯриро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд.
