Паёми шодбошӣ ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.
