Ба истифода додани хатти истеҳсоли панҷараҳои оҳанини ҶСП Заводи таҷрибавӣ-механикӣ дар шаҳри Норак
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи Тоҷик глобал инвест ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд.
Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Заводи таҷрибавӣ–механикии шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - Саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.
