Дар Душанбе сохтмони яке аз иншооти зеботарин дар Осиёи Марказӣ -Театри миллӣ идома дорад
Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе сохтмони Театри миллӣ, ки он дар Осиёи Марказӣ назир надорад, идома дорад. Хишти аввали иншоотро 17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ниҳода буданд.
Тавре масъулин иброз доштанд, Театри миллӣ бо шукуҳу шаҳомати худ аз дигар театрҳо фарқ хоҳад кард. Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.
