Тариқи маҷозӣ ба истифода додани бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Сари Сафедхоки ноҳияи Файзобод
30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави Маркази саломатии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 760 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти муосири тандурустӣ дар деҳаи Сафедхоки ноҳияи Файзобод дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб мебошад.
