Ба истифода додани корхонаи саноатии Покиза М дар шаҳри Душанбе ва ифтитоҳи фосилавии 3 корхонаи парандапарварӣ
24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покиза М-ро ба истифода доданд.
