Ҳисоботи телефонии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода
22 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргашт аз сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҳисоботи Раиси вилоят доир ба рафти бартарафсозии пасомадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рӯшон шунида шуд.
